Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти Ҳадафҳои рушди устувор дар Женева муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ дар чорабинии сатҳи баланди Форуми минтақавӣ оид ба рушди устувори Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария иштирок намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад, дар рафти чорабинӣ дар бахши сиёсии сатҳи баланди форум Юсуф Маҷидӣ вобаста ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти Ҳадафҳои рушди устувор, ташаббусҳои ҷаҳонии обу иқлим, иқтисоди сабз, ҳамкории зич бо СММ, инчунин шарикони рушд суханронӣ намуд.
Маҷидӣ Юсуф ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар самти обу иқлим, ҳамзамон вобаста ба иштироки ҷонибҳои манфиатдор дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват ба амал овард.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария










Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






