Даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2024» баргузор гардид

Апрель 3, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 03.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол-2024» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Озмун бо мақсади иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи ташкил ва баргузории озмунҳои «Мураббии сол», «Омӯзгори сол» ва «Хонандаи сол» доир шуда, дар он ғолибони даври ноҳиявӣ иштирок менамоянд.

Шартҳои озмун дар қисмати аввали 2 апрел аз гузаронидани корҳои тестӣ ва дар қисмати дуюми рӯз аз корҳои хаттӣ аз фанҳои таълимӣ иборат буданд.

Озмун имрӯз ҷамъбаст гардида, ғолиби он дар барномаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.

АКС: Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе

Апрель 3, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад