Директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 26.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 апрел Директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсюй Дунъюй ба Тоҷикистон ташриф меорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар доираи ин сафар мулоқоту вохӯриҳои роҳбарони як қатор вазорату идораҳои мамлакат бо Тсюй Дунъюй пешбинӣ шудааст. Директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ҳамчунин бо фаъолияти ҳоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор» шинос гардида, аз дараи Алмосии шаҳри Ҳисор, ки барои ворид гардидан ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» пешниҳод шудааст, боздид ба амал меорад.
Тсюй Дунъюй дар давоми сафари корӣ бо намунаи санъати нодири меъморию шаҳрсозии мардуми тоҷик дар Муассисаи давлатии «Кохи Наврӯз» шинос шуда, аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ дидан менамояд.
Ёдовар мешавем, ки 25 апрели соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Италия дар шаҳри Рим бо директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсюй Дунъюй мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот асосан масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди муҳими Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид.
Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид аз ниҳодҳои муҳими байналмилалие мебошад, ки соли 1945 дар назди Созмони Милали Муттаҳид ба хотири мубориза ба гуруснагӣ ва мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ таъсис шудааст. Дар айни замон 194 давлати ҷаҳон аъзои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мебошанд.Қароргоҳи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Рими Италия ҷойгир аст.
АКС аз манбаъҳо боз








Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд






