Директори Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Директори Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия Дмитрий Аристов, ки бо мақсади густариши ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон рафта, бо таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зимни сайри осорхонавӣ ба ҳайати Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия дар толорҳои «Асри санг», «Саразм», «Оини зардуштӣ», «Кулолгарӣ», «Ҳахоманишиҳо», «Сиккаҳо», «Кушониён», «Аҷинатеппа» ва толори «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» таърихи куҳани халқи тоҷик ва фарҳанги бисёрҳазорсола муаррифӣ гардид.
Дар анҷом Дмитрий Аристов ва ҳайати ҳамроҳонаш аз тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, ҳамчун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ таассуроташонро навиштанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон










Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






