Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал ҳамкориро таҳким мебахшанд

Апрель 23, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Зимни иштирок дар Форуми XV иқтисодии ҷавонони Авруосиё дар шаҳри Екатеринбург 22  апрели соли 2025 ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Силин Яков  вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкории пайвастаи донишгоҳҳо дар самтҳои гуногуни фаъолият ёдовар шуда, барои татбиқи барномаҳои нави ҳамкорӣ гуфтушунид анҷом доданд.

Ҷонибҳо инчунин самтҳои муҳими ҳамкориро бобати ташкили   табодули академии донишҷӯён, даъвати профессорону омӯзгорон, таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ, барномаҳои таҳсилоти муштарак ва дудиплома, баргузор намудани конфронсу ҳамоишҳои байналмилалии муштарак дар соли 2025 баррасӣ намуданд.

Дар маҷмуъ, дар вохӯрӣ масоили мубрами ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва созишномаи ҳамкорӣ робитаҳоро тавсеа диҳанд.

 

    АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Апрель 23, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид