Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал ҳамкориро таҳким мебахшанд
ДУШАНБЕ, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Зимни иштирок дар Форуми XV иқтисодии ҷавонони Авруосиё дар шаҳри Екатеринбург 22 апрели соли 2025 ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо ректори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Силин Яков вохӯрӣ анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкории пайвастаи донишгоҳҳо дар самтҳои гуногуни фаъолият ёдовар шуда, барои татбиқи барномаҳои нави ҳамкорӣ гуфтушунид анҷом доданд.
Ҷонибҳо инчунин самтҳои муҳими ҳамкориро бобати ташкили табодули академии донишҷӯён, даъвати профессорону омӯзгорон, таҳия ва татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ, барномаҳои таҳсилоти муштарак ва дудиплома, баргузор намудани конфронсу ҳамоишҳои байналмилалии муштарак дар соли 2025 баррасӣ намуданд.
Дар маҷмуъ, дар вохӯрӣ масоили мубрами ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва созишномаи ҳамкорӣ робитаҳоро тавсеа диҳанд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






