ДУШАНБЕ-ШАҲРИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ! Дар пойтахт сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 19.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе 1 миллиону 241 ҳазор нафар истиқомат менамоянд. Вобаста ба ин дар пойтахт барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохтори шаҳрӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Яке аз ин тадбирҳо зиёд намудани шумораи муассисаҳои томактабӣ буда, бо ин мақсад бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахт аз ҳисоби бахши хусусӣ бунёду сохтмони 56 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд, муассисаҳои томактабӣ барои 11 ҳазору 340 ҷой пешбинӣ карда шудаанд. Аз ин шумора то оғози соли нави таҳсили 2025-2026 ба истифода додани 10 муассиса барои 2070 ҷой ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла, соли 2024 муассисаи таълимии томактабии хусусии «Ахтарак» дар ноҳияи Сино (бинои иловагӣ) барои 20 ҷой, муассисаи таълимии томактабии «Шоҳнома» дар ноҳияи Шоҳмансур барои 200 ҷой ба истифода дода шуд.
Инчунин соли 2025 (ба ҳолати семоҳаи якуми соли 2025) аз ҳисоби бахши хусусӣ дар пойтахт муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Боғи Мурод» дар ноҳияи Фирдавсӣ барои 450 ҷой сохта ва ба истифода дода шуд.
Бояд таъкид намуд, ки бо назардошти он ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳилаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад, Ҳукумати мамлакат ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ медиҳад.
Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» қабул гардидааст, ки тибқи ин заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ беҳтар гардонида шуда, шартҳои ташкили муассисаҳои таълимии хусусӣ бо ҷалби соҳибкорон ба соҳаи маориф мукаммал мегардад. Инчунин дастгирии давлатӣ тақвият ёфта, механизмҳои ҳавасмандгардонии бахши хусусӣ такмил меёбанд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмон-таъминот» дар маҳаллаи «Ховарон, минтақаи 15» сохтмони муассисаи томактабӣ барои 120 ҷой иидома дорад. Инчунин аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Леваканд-Сангрез» дар кӯчаи Деҳотӣ сохтмони муассисаи томактабӣ барои 100 ҷо ва аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саноати кӯҳкорӣ» дар шаҳраки 104-и ноҳияи Синои пойтахт бунёди кӯдакистон барои 450 ҷой идома дорад.
Бояд таъкид намуд, ки зинаи томактабӣ ё омӯзиши барвақтии кӯдак барои гирифтани таҳсили минбаъда дар мактаб заминаи асосӣ мегузорад. Он алоқамандии байни оила ва мактабро таъмин намуда, дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад.
Аз ин хотир хуб мешуд, ки дигар соҳибкорон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастгирӣ ёбанд, то имконият пайдо намоянд, ки муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис диҳанд.
Зеро бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ маҳз ба беҳтар шудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар мамлакат нигаронида шуда, ба истифодадиҳии онҳо то 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ марҳила ба марҳила дар назар дошта шудааст. Насли навраси имрӯза бояд аз чунин имконоти мусоиди фароҳамсохтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат самаранок истифода намуда, барои боз ҳам беҳтар аз бар намудани донишҳои муосир ҳамаҷониба кӯшиш намояд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
Рустами Эмомалӣ: «Бо ташаббуси Пешвои миллат таҳқиқ ва омӯзиши тамаддуни ориёӣ ба сатҳи нави илмӣ бароварда шуд»
Соли 2026 дар Хуҷанд 6 корхонаи саноатӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ёвон корҳои созандагӣ идома доранд
РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дар ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагии мактаб бо 16 синфхона барои 800 хонанда оғоз шуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
ИМРӮЗ — ЗОДРӮЗИ САДРИДДИН АЙНӢ. Осори Устод Айнӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими илмӣ ва фарҳангӣ истифода мешавад
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?






