Гармхонаҳои ширкати «Моғиён- агро»-и шаҳри Панҷакент бозорро бо сабзавоти тоза таъмин менамоянд
ДУШАНБЕ, 04.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз гармхонаҳои замонавии ширкати «Моғиён-агро», ки соли 2024 дар якуним гектар дар мавзеи Қаволаи шаҳри Панҷакент ва Ҷамоати деҳоти Моғиён ба истифода дода шуданд, то ин муддат беш аз 35 тонна маҳсулот ба бозор бароварда шудааст.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, ҳоло ҷамъоварии помидор ва қулфинай идома дорад. Аз оғози фаъолият беш аз 15 тонна бодиринг, 17 тонна помидор, 3 тонна қаланфури булғорию гулкарам ва намудҳои гуногуни кабудиҳо ба бозори шаҳр ва берун аз он бароварда шудаанд.
Ҳоло дар гармхонаҳо ниҳолҳои бодирингу қаламфури булғорӣ гул карда, баъди чанд муддат ҷамъоварии ҳосили онҳо низ шуруъ мешавад.
Дар гармхонаҳо равшанӣ, обу ғизодиҳӣ ва иқлим ба таври худкор буда, парвариш ва истеҳсоли сабзавот тамоми фасли сол идома меёбад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






