Гумрукчиёни тоҷик дар Тошканд имконоти рақамии Узбекистонро дар соҳаи гумрук омӯхтанд

Апрель 5, 2025 18:45

ДУШАНБЕ, 05.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати кории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз намояндагони Хадамоти гумрук ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар шаҳри Тошканд бо таҷрибаи Ҷумҳурии Узбекистон дар самти рақамикунонии расмиёти гумрукӣ шинос гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон оид ба амалӣ намудани эъломияҳои электронӣ ва низомҳои автоматикунонидаи назорат мулоқот анҷом дод. Инчунин бо озмоишгоҳҳои гумрукӣ, марказҳои киберамният ва идоракунии вазъият шинос гардид.

Ҳайати Тоҷикистон ҳамроҳ бо роҳбарияти гумруки Узбекистон бо дидбонгоҳи наздисарҳадии «Яллама» ва анбори гумрукии «Аркбулок» дар шаҳри Тошканд шинос шуд.

Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки дар Узбекистон барасмиятдарории гумрукӣ бе ҳузури шахси барасмиятдароранда тавассути платформаи онлайн амалӣ мегардад.

Ҳамчунин ҳайат бо роҳбарияти Донишгоҳи технологии иттилоотии Тошканд вохӯрӣ намуда, имконияти ҳамкорӣ дар самти табодули донишҷӯён ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инноватсиониро муҳокима намуд. Ҳамчунин ҳайат бо Донишгоҳи муштараки «INHA» ва «Мактаби 21», ки бо методологияи инноватсионӣ фаъолият менамояд, шинос шуд.

Дар ҷараёни мулоқот бо роҳбарияти Вазорати технологияҳои рақамии Узбекистон, корхонаи давлатии «Узинфоком» ва IT Park масъалаҳои рушди ҳукумати электронӣ, амнияти киберӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои блокчейн баррасӣ шуданд. Ҳайат бо таҷрибаи рақамикунонии инфрасохтор, автоматизатсияи соҳаҳои гуногун ва рушди стартапҳо шинос гардид.

Интизор меравад, ки ин шиносоии ҳайати Тоҷикистон барои омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи рақамикунонӣ ва татбиқи он дар мамлакат имконияти нав фароҳам меорад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 5, 2025 18:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд