Хазинаи Байналмилалии Асъор хостори таҳкими ҳамкории самарабахш бо «Амонатбонк» гардид

Апрель 11, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 11.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор дар мулоқоти раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода бо роҳбари ҳайати кории Хазинаи Байналмилалии Асъор Мэтю Гертнер дар Душанбе баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот дурнамои фаъолияти бонк, натиҷаҳои молиявӣ дар соли 2024, пардохтпазирӣ, иштирок дар музоядаҳои коғазҳои қиматноки давлатӣ, рушди бозори асъор, афзоиши пешниҳоди қарз ба мизоҷон ва меъёрҳои макропруденсиалӣ муҳокима шуданд.

Алиҷон Салимзода инчунин доир ба вазъи молиявии бонк маълумот дода, афзуд, ки «Амонатбонк» яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон буда, дар баробари фаъолияти тиҷоратӣ ҳамчун институти молиявии давлатии ҷумҳурӣ амаликунандаи як ҳиссаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Роҳбари ҳайати кории Хазинаи Байналмилаии Асъор Мэтю Гертнер ба фаъолияти молиявии «Амонатбонк» дар соли 2024 ва нақшаҳои минбаъдаи «Амонатбонк» барои соли 2025 баҳои баланд дода, иброз намуд, ки дар дилхоҳ самти фаъолият, ки ба рушди иқтисоди миллӣ равона гардидааст, омодаи ҳамкории судманд бо «Амонатбонк» мебошанд.

Дар интиҳои мулоқот мусоҳибон бо изҳори қаноатмандӣ афзуданд, ки бо инобати манфиатҳои тарафайн ҳамкории молиявии дуҷонибаро рушд медиҳанд.

АКС: «Амонатбонк»

Апрель 11, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд