Хонандаи тоҷик Алиҷон Убайдуллоев ғолиби озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» гардид
ДУШАНБЕ, 29.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии даъвати 18-уми Озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» байни хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 баргузор гардид. Дар он хонандаи синфи 10-и Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон Алиҷон Убайдуллоев сазовори ҷойи якум гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҷойи дуюми озмунро Фарангис Зоирова ва ҷойи сеюмро Бинёмин Ҳамдамзода ба даст оварданд. Дар даври ниҳоии озмун 8 довталаб байни ҳам рақобат намуда, се нафари онҳо ба гирифтани ҷойҳои намоён мушарраф гардиданд.
Дар рафти озмун изҳор гардид, ки дар доираи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ҳамкорӣ дар ҳамаи самтҳо, хусусан дар самти забономӯзӣ рушд меёбад.
Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумони мо анъанаҳои ғановатманди таърихӣ доранд ва ҳамаи ин аз даврони Роҳи абрешими бузург маншаъ мегирад. Агар мо ба таърихи муосири ин муносибот назар афканем, мебинем, ки онҳо аз ибтидо ба масири рушди рӯзафзун ворид гардида, имрӯз дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор доранд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки имрӯзҳо дар бисёр муассисаҳои таҳсилоти миёнаи Тоҷикистон синфхонаҳои забони чинӣ кушода шудаанд. Аксарияти ин хонандагон дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллӣ низ ба омӯзиши забони чинӣ машғул мебошанд.
Озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» чорабинии муҳим дар саросари ҷаҳон ба шумор рафта, аз соли 2002 дар Идораи марказии Конфутсий баргузор мегардад. Аз соли 2017 ин озмун диққати миллионҳо ҷавононро дар беш аз 110 давлати дунё ҷалб намудааст. Он барои донишҷӯён ва хонандагон барномаи муҳими омӯзиши забони чинӣ гашта, ҳамчун «озмуни забон», ки пули ҷаҳонии фарҳанг, дӯстӣ ва маърифат мебошад, дар соҳаи ҳамкории фарҳангии байналмилалӣ бренди машҳур гаштааст.
Таъкид гардид, ки озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» байни хонандагон яке аз барномаҳои муҳими пайвасткунандаи муносибатҳои илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шумор меравад.
Дар озмун хонандагони Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Солҳои охир муносибатҳои стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва Чин ба таври солим ва устувор инкишоф ёфта, ҳамкории ду давлат дар бахшҳои гуногун ба таври ҳамаҷониба амиқтар мегарданд.
Ҷавонони Тоҷикистон ба омӯзиши забони чинӣ шавқу ҳаваси зиёд доранд ва майли онҳо барои таҳсил дар Чин торафт меафзояд. Дар баробари ин мардуми Чин низ ба Тоҷикистон ва фарҳанги тоҷикон шавқу таваҷҷуҳи хосса доранд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»


















«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад






