Хонандаи тоҷик Алиҷон Убайдуллоев ғолиби озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» гардид

Апрель 29, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 29.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии даъвати 18-уми Озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» байни хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 баргузор гардид. Дар он хонандаи синфи 10-и Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати Тоҷикистон Алиҷон Убайдуллоев сазовори ҷойи якум гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҷойи дуюми озмунро Фарангис Зоирова ва ҷойи сеюмро Бинёмин Ҳамдамзода ба даст оварданд. Дар даври ниҳоии озмун 8 довталаб байни ҳам рақобат намуда, се нафари онҳо ба гирифтани ҷойҳои намоён мушарраф гардиданд.

Дар рафти  озмун изҳор гардид, ки дар доираи сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ҳамкорӣ дар ҳамаи самтҳо, хусусан дар самти забономӯзӣ рушд меёбад.

Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумони мо анъанаҳои ғановатманди таърихӣ доранд ва ҳамаи ин аз даврони Роҳи абрешими бузург маншаъ мегирад. Агар мо ба таърихи муосири ин муносибот назар афканем, мебинем, ки онҳо аз ибтидо ба масири рушди рӯзафзун ворид гардида, имрӯз дар сатҳи шарикии стратегӣ қарор доранд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки имрӯзҳо дар бисёр муассисаҳои таҳсилоти миёнаи Тоҷикистон синфхонаҳои забони чинӣ кушода шудаанд. Аксарияти ин хонандагон дар Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллӣ низ ба омӯзиши забони чинӣ машғул мебошанд.

Озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» чорабинии муҳим дар саросари ҷаҳон ба шумор рафта, аз соли 2002 дар Идораи марказии Конфутсий баргузор мегардад. Аз соли 2017 ин озмун диққати миллионҳо ҷавононро дар беш аз 110 давлати дунё ҷалб намудааст. Он барои донишҷӯён ва хонандагон барномаи муҳими омӯзиши забони чинӣ гашта, ҳамчун «озмуни забон», ки пули ҷаҳонии фарҳанг, дӯстӣ ва маърифат мебошад, дар соҳаи ҳамкории фарҳангии байналмилалӣ бренди машҳур гаштааст.

Таъкид гардид, ки озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» байни хонандагон яке аз барномаҳои муҳими пайвасткунандаи муносибатҳои илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шумор меравад.

Дар озмун хонандагони Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.

Солҳои охир муносибатҳои стратегии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва Чин ба таври солим ва устувор инкишоф ёфта, ҳамкории ду давлат дар бахшҳои гуногун ба таври ҳамаҷониба амиқтар мегарданд.

Ҷавонони Тоҷикистон ба омӯзиши забони чинӣ шавқу ҳаваси зиёд доранд ва майли онҳо барои таҳсил дар Чин торафт меафзояд. Дар баробари ин мардуми Чин низ ба Тоҷикистон ва фарҳанги тоҷикон шавқу таваҷҷуҳи хосса доранд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

 

Апрель 29, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ замимаи мобилии «Забондон» таҳия гардид
Робитаҳои илмӣ-академӣ байни муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия тақвият меёбанд
Ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд «Доктори фахрӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шуд
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар ин давра маҳфилҳои ҳунару забономӯзӣ ва варзишию фарҳангии ройгон ташкил карда мешаванд
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Волидайн ва масъулин барои бофароғат ва самаранок гузаронидани он чӣ гуна омодагӣ мебинанд?
Сатҳи татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои миёнаи умумии вилояти Хатлон таҳлил карда мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани таълими забони русӣ конференсия доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Маркази омӯзиши забони кореягӣ ифтитоҳ меёбад
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол байни кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе мусобиқаи футболи хурд идома дорад
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Чин зиёда аз 5000 донишҷӯи тоҷик таҳсил менамоянд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон масъалаи истифодаи усулҳои нави таълими забонҳои хориҷӣ баррасӣ шуд
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон хатмкунандагонро ба муассисаҳои таълимӣ равона намуд