Иқтисодчиёни Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат саҳми назаррас доранд
ДУШАНБЕ, 08.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд. Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод. Ин дар ҳолест, ки 8 апрел дар ҷумҳурӣ Рӯзи иқтисодчиён таҷлил мегардад.
Қобили тазаккур аст, ки 2 августи соли 2011 Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид намуд. Мутобиқи он 8 апрел Рӯзи иқтисодчиёни Тоҷикистон эълон гардидааст.
Бо назардошти муҳимияти соҳаи иқтисод, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки «дар шароити ҳассоси замони муосир ҳадафи асосии давлат, пеш аз ҳама, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти он, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил намудани ҷойи нави кор мебошад».
Имрӯз фаъолияти дилхоҳ соҳаро бе иштироки иқтисодчиён тасаввур кардан имконнопазир аст. Зеро саҳми барҷастаи иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат ва ташаккули ҷомеаи пешрафтаю мутараққӣ назаррас мебошад. Рушди иқтисод яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021 «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул карда шуд. Ҳадафи он тезонидани суръати рушди иқтисоди мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои гузариш ба модели нави рушди иқтисоди рақамии оянда дар дурнамои дарозмуҳлат мебошад.
Барнома амалисозии марҳилаи якуми Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, ҳадафҳо ва вазифаҳоро дар доираи 8 самти асосии рушди иқтисоди рақамӣ барои давраи то соли 2025 муайян менамояд:
таҳкими асосҳои институтсионалии иқтисоди рақамӣ, рушди инфрасохтори Технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) дар минтақаҳои мамлакат, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, вусъатдиҳии ҷараёни амалишавии ҳукумати электронӣ, сармоягузорӣ ва неруи инсонӣ дар самти иқтисоди рақамӣ, ташкили экосистемаи инноватсионӣ ва стартапҳо,
низоми ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва амалигардонии иқтисоди рақамӣ, сармоягузорӣ барои татбиқи иқтисоди рақамӣ.
Механизми ҳамоҳангсозӣ ва идоракунии амалисозии барнома
дар асоси таҷрибаи сатҳи байналмилалӣ тавассути мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ бо ҷалби шарикони рушд ва тиҷоратии ҷумҳурӣ амалӣ мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз








Бахшида ба 35-солагии Истиқлолити давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶАҲОНИИ ЭКОЛОГӢ: аз обу иқлим то зеҳни сунъӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида мешавад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид






