Иди байналмилалии Наврӯз дар Қароргоҳи СММ дар шаҳри Вена таҷлил гардид

Апрель 3, 2025 13:54

ДУШАНБЕ, 03.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел бо ташаббуси намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Туркманистон ва Эрон дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Вена Иди байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия хабар доданд, дар ҳамоиши наврӯзӣ намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҳайати дипломатӣ ва шаҳрвандони кишвар, ки муқими шаҳри Вена ҳастанд, иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш кишварҳои иштирокдор гӯшаи фарҳангии худро оро доданд. Дар қатори онҳо гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо  ғизоҳои миллӣ ва шириниҳои наврӯзӣ, ҳафтсину ҳафтшин ва ҳунарҳои дастии  мардумӣ, аз қабили сӯзанию гулдӯзӣ ба ҳозирин пешниҳод гардид.


АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Австрия

Апрель 3, 2025 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд