Имконоти низоми молиявии Тоҷикистон дар конфронси 23-юми солонаи Шурои шариатии AAOIFI муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастовардҳо ва имконоти низоми молиявии Тоҷикистон дар конфронси 23-юми солонаи Шурои шариатии Ташкилоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит (AAOIFI), ки 20–21 апрел дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн барои муассисаҳои молиявӣ баргузор гардид, муаррифӣ шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар конфронси 23-юми солонаи AAOIFI аз Тоҷикистон муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Конфронси 23-юми солонаи AAOIFI яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи молияи исломӣ маҳсуб шуда, дар кори он олимони маъруфи соҳаи бонкдории исломӣ, намояндагони мақоми танзимкунанда, роҳбарони ташкилоти молиявӣ, намояндагони бонкҳои марказӣ ва коршиносони соҳаи молияи исломӣ аз кишварҳои гуногун иштирок намуданд.
Конфронс ба баррасии масоили марбут ба ҳамоҳангсозии меъёрҳои бонкдории исломӣ, ҳамгироии технологияҳои молиявӣ ва татбиқи молияи ахлоқӣ дар низомҳои молиявии мутобиқ ба принсипҳои бонкдории исломӣ бахшида шуда, саҳнаи муҳимми табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ байни кишварҳо арзёбӣ мегардад.
Фируз Шарифзода дар ҷаласаи ифтитоҳӣ оид ба дастовардҳои низоми молиявии Тоҷикистон, имконияти сармоягузорӣ ва нақши Бонки миллии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди бонкдории исломӣ сухан намуда, ба иштирокдорон оид ба мавқеи Тоҷикистон дар самти риоя ва татбиқи меъёрҳои байналмилалӣ, тақвияти асосҳои ҳуқуқӣ ва амалии бонкдории исломӣ маълумот дод.
Аз ҷониби созмондиҳандагони конфронс нақши Бонки миллии Тоҷикистон дар рушди заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалии молияи исломӣ баланд арзёбӣ гардида, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷоизаи махсуси AAOIFI, ки нишони эътирофи саҳми назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди бахши молияи минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад, қадрдонӣ карда шуд.
Дар ҳошияи конфронс Фируз Шарифзода бо роҳбарони чанд бонки марказӣ ва намояндагони созмонҳои молиявии байналмилалӣ мулоқот анҷом дод. Ҳамзамон оид ба густариши ҳамкории дуҷониба, ҷалби коршиносони байналмилалӣ ва ташкили омӯзишҳои муштарак барои мутахассисони низоми молиявии Тоҷикистон табодули афкор карда шуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст






