Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
ДУШАНБЕ, 18.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят бориши борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борон дар назар аст. Ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон дар назар аст. Ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4+9 то 0+2 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат ва раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11+13 дараҷа гарм ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.








Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад






