«Интернет барои хона» боз дар се маҳаллаи дигари Душанбе пайдо шуд
ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҳудуди амали хизматрасонии «Интернет барои хона»-ро пайваста васеъ менамояд. Интернети хонагӣ акнун ба маҳаллаҳои рақамҳои 15, 33 ва 103-и пойтахт ворид шуд. Ба ғайр аз ин, оператор мизоҷонро ба технологияи пешрафтаи GPON мегузаронад. Ин имкон медиҳад, ки суръати интернети ноқилӣ баланд бардошта шуда, пайвастагӣ боз ҳам устувор карда шавад.
GPON (Gigabit Passive Optical Network- шабакаи нурии гигабитии пассив) – технологияи замонавии нахӣ-нурие мебошад, ки суръати таҳвили маълумотро то 1 Гбит/с таъмин менамояд. Дар тафовут ба имконияти пешина GPON имкон медиҳад, ки сигнал бе талафот ба масофаҳои бузург паҳн карда шавад. Чунин имконият пайвастагии интернетро ҳатто ҳангоми сарбории калони шабака боз ҳам боқувват ва устувор мегардонад. Афзалияти технологияро акнун сокинони боз зиёда аз 9 ҳазор манзили истиқоматӣ, ки дар маҳаллаҳои рақамҳои 15, 33 ва 103-и шаҳри Душанбе қарор доранд, дида метавонанд.
Пайвасткунии «Интернет барои хона» осон ва муфид аст. Барои ин кофист, ки ба наздиктарин идораи хизматрасонии оператор муроҷиат намоед ё тариқи телефони 4747 дархост гузоред. Аз ҷиҳати нарх ба истифодабарандагони нав барои ҳамаи тарофаҳо 50 фоиз тахфиф пешниҳод карда мешавад. Ҳамин тавр, дар доираи иқдом тарофаи «Барои Хона 3 Мбит/с» 70 сомонӣ дар як моҳ (нархи муқаррарӣ – 140 сомонӣ), «Барои Хона 5 Мбит/с» 85 сомонӣ ба ҷои 170 ва «Барои хона 10 Мбит/с» 140 сомонӣ (нархи пешина – 280 сомонӣ) хоҳад буд.
«Солҳои 2025-2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шуданд. Ширкати мо ҳамчун яке аз иштирокчиёни фаъоли ин раванд ба мизоҷон технологияҳои пешрафтаи интернетӣ пешниҳод намуда, онҳоро барои миқдори ҳарчи бештари истифодабарандагон дастрас мегардонад. МегаФон Тоҷикистон барои пайвасткунии интернети хонагӣ дар ҳар маҳаллаи Душанбе тамоми шароитро муҳайё хоҳад намуд. Дар ояндаи наздик сокинони маҳаллаҳои рақамҳои 32, 104 ва «Хонаҳои Қайроққум» низ аз ин хизматрасонӣ бархурдор мешаванд», — мегӯяд директори департамент оид ба инкишоф ва корбурди ТМСБ ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Алиҷон Ғаниев.
Маълумоти нисбатан муфассалро дар бораи хизматрасонии «Интернет барои хона» метавон дар сомона ё идораҳои хизматрасонии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба даст овард.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






