ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони шаҳри Бохтар дар замини наздиҳавлигияшон гармхона ташкил намуданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сокини шаҳри Бохтар Валиҷон Ҳамзаев дар 6 садяк замини наздиҳавлигияш 3 гармхона ташкил намудааст, ки дар он бештар помидор парвариш менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Дар замини наздиҳавлигӣ бунёд кардани гармхонаҳо манфиатовар аст. Онҳо шароит фароҳам меоранд, ки талаботи харидорон дар чор фасли сол бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ қонеъ гардонида шавад.
Сокини дигари шаҳри Бохтар Умаралӣ Раҷабов дар 7 садяк замини наздиҳавлигияш, ки 3 гармхона дорад, помидори барвақтӣ парвариш менамояд. Аъзои ин оила дар айни замон рӯзгори худро аз ҳисоби деҳқонӣ ва касби ошпазӣ пеш мебаранд.
Сокинон аз ин гармхонаҳо дар як сол 2-3 маротиба ҳосил мерӯёнанд. Онҳо аз ҳисоби ҳосили ҷамъоваринамудаашон ҳар сол фоидаи хуб ба даст меоранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






