ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони шаҳри Бохтар дар замини наздиҳавлигияшон гармхона ташкил намуданд

Апрель 28, 2025 19:30

ДУШАНБЕ, 28.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сокини шаҳри Бохтар Валиҷон Ҳамзаев дар 6 садяк замини наздиҳавлигияш 3 гармхона ташкил намудааст, ки дар он бештар помидор парвариш менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар замини наздиҳавлигӣ бунёд кардани гармхонаҳо манфиатовар аст. Онҳо шароит фароҳам меоранд, ки талаботи харидорон дар чор фасли сол бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ қонеъ гардонида шавад.

Сокини дигари шаҳри Бохтар Умаралӣ Раҷабов дар 7 садяк  замини наздиҳавлигияш, ки 3 гармхона дорад, помидори барвақтӣ  парвариш менамояд. Аъзои ин оила дар айни замон рӯзгори  худро аз ҳисоби деҳқонӣ ва касби ошпазӣ пеш мебаранд.

Сокинон аз ин гармхонаҳо дар як сол 2-3 маротиба ҳосил мерӯёнанд. Онҳо аз ҳисоби ҳосили ҷамъоваринамудаашон ҳар сол фоидаи хуб ба даст меоранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

 

Апрель 28, 2025 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд