Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар беш аз 8 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
ДУШАНБЕ, 06.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ имсол дар 8 ҳазору 100 гектар пунбадона кишт менамоянд, ки аз он 2 ҳазор гектарро кишти зери плёнка ташкил медиҳад.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар хоҷагии деҳқонии Дубедаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кишти пунбадонаи зери плёнка оғоз гардид.
Хоҷагии деҳқонӣ дорои 32 гектар замин буда, имсол дар 20 гектари он кишти пунбадона ба тарзи маъмулӣ ва дар 15 гектар зери плёнка гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки имсол дар вилояти Хатлон дар 124,5 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад, ки 41 ҳазор гектари онро усули нави зери плёнка ташкил медиҳад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






