Кишоварзони ноҳияи Шаҳристон дар 1735 гектар картошка кишт менамоянд

Апрель 20, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 20.04.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Тибқи нақша имсол дар  ноҳияи Шаҳристон кишоварзон дар 1735 гектар картошка кишт менамоянд. То имрӯз дар беш аз 400 гектар кишт гузаронида шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар доданд.

Ноҳияи Шаҳристон аз минтақаҳои картошкапарвар дар вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, деҳқонон ва кишоварзон бо истифода аз шароити мусоиди мавҷуда ва дастрасӣ ба обу замин ҳамасола майдони кишт ва ҳаҷми истеҳсоли картошкаро зиёд мекунанд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Бурибойота», ки  дорои 24,4 гектар замин буда, аз он 6,92 гектар замини обӣ аст, дар 3,5 гектари он картошка кишт мешавад.

Картошкапарварон тухмии картошкаро асосан аз ноҳияи Деваштич дастрас менамоянд, зеро он ба иқлими ноҳияи Шаҳристон мутобиқ буда, ҳосили фаровон медиҳад. Аз ҷониби хоҷагиҳо ҳамасола тухмии нав харидорӣ ва тухмии кӯҳна иваз карда мешавад. Ин омил боиси гирифтани ҳосили баланд мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

 

 

 

 

Апрель 20, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид