Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон рафтанд
ДУШАНБЕ, 06.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои вазорат дар ноҳияҳои Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе ба Осорхонаи миллӣ рафта, бо таъриху тамаддуни бостонии миллати тоҷик шинос шуданд.
Ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки роҳбаладон ва ходимони илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо кормандони мақомоти милитсия сайрҳои осорхонавӣ гузарониданд.
Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо табиати нотакрору биҳиштосои диёр, таъриху фарҳанги пурғановат, ҳунармандӣ, шоҳкориҳои мусаввирони тоҷик ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ аз наздик шинос шуданд.
Таъкид шуд, ки тамошои ёдгориҳои таърихӣ, ки бозгӯи давраҳои гуногуни таърихӣ ва ҷоннисориву қаҳрамониҳои фарзандони барӯманди миллати тоҷик мебошанд, руҳияи ватанпарастию худшиносии ҳар нафар, хосса кормандони мақомоти милитсияро баланд бардошта, дар замири онҳо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба осори таърихиро бедор менамояд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид






