Кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон рафтанд

Апрель 6, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 06.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои вазорат дар ноҳияҳои Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе ба Осорхонаи миллӣ рафта, бо таъриху тамаддуни бостонии миллати тоҷик шинос шуданд.

Ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки роҳбаладон ва ходимони илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо  кормандони мақомоти милитсия сайрҳои осорхонавӣ гузарониданд.

Кормандони  мақомоти милитсияи пойтахт дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо табиати нотакрору биҳиштосои диёр, таъриху фарҳанги пурғановат, ҳунармандӣ, шоҳкориҳои мусаввирони тоҷик ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ аз наздик шинос шуданд.

Таъкид шуд, ки  тамошои  ёдгориҳои таърихӣ, ки бозгӯи давраҳои гуногуни таърихӣ ва ҷоннисориву қаҳрамониҳои фарзандони барӯманди миллати тоҷик мебошанд, руҳияи ватанпарастию худшиносии ҳар нафар, хосса кормандони мақомоти милитсияро баланд бардошта, дар замири онҳо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба осори таърихиро бедор менамояд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 6, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад