Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ғолиби даҳгонаи беҳтарин дастаҳои ҳаракати олимпӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе» барои фаъолияти босамар дар рушди ҳаракати олимпӣ, ҳамзамон ишғоли шумораи зиёди ҷойҳо дар даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дар «Даҳгонаи беҳтарин дастаи ҳаракати олимпии (типи нави) муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе» сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Натиҷагирӣ ва маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври сеюми (шаҳрии) олимпиадаҳои фаннии муассисаҳои таълимии пойтахт дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим доир шуд.
Баргузор намудани олимпиадаҳои фаннӣ яке воситаҳои самараноки дарёфт ва рушди хонандагони болаёқат ба шумор рафта, дар такмили донишандӯзӣ ва илмомӯзии хонандагон нақши бориз мегузорад.


Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе» раванди таълиму тадрисро вусъат бахшида, дар ин замина барои рушди дастаи ҳаракати олимпӣ ва муаррифии неруи зеҳнии хонандагон дар дохил ва хориҷи мамлакат саҳми арзанда мегузорад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе









Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






