Майдонҳои зироати кишоварзии минтақаҳои Ҳисор ва Турсунзода аз жола ҳифз карда шуданд
ДУШАНБЕ, 10.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Хадамоти зиддижолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 апрел, аз соати 22:58 то 23:50 ба сӯи абрҳои жолазо дар минтақаҳои Ҳисор ва Турсунзода 12 мушак партоб карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Корҳои безараргардонӣ бо мақсади ҳифи зироати кишоварзӣ аз бориши жола гузаронида шуданд.
Бино ба гузориши Хадамоти зиддижола, дар вақти муқарраргардида бо истифода аз партофти 12 мушак ба сӯи абрҳову жола дар минтақаҳои дорои хатар зарар ба заминҳои кишоварзӣ бартараф карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола бо мақсади ҳифзи зироати кишоварзӣ ва боғу токзори мамлакат дар минтақаҳо бар зидди жола садҳо мушак истифода мешавад. Бориши жола маъмулан барои зироати кишоварзӣ зарари калон меорад.
Истифода аз мушакҳои зиддижола имкон фароҳам меорад, ки хатари нобудшавии ҳосил бартараф карда шавад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст






