Масъалаи густариши ҳамкорӣ дар самти маблағгузории бахши маориф дар Вашингтон баррасӣ гардид

Апрель 22, 2025 14:46

ДУШАНБЕ, 22.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи густариши ҳамкорӣ дар самти маблағгузории бахши маориф, аз ҷумла маблағгузории фарогир, дастрас ва босифати таҳсилот, вусъат бахшидан ба таҳсилоти томактабӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ ва татбиқи низоми омӯзиши рақамӣ 21 апрел дар вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбарияти Шарикии глобалӣ барои таҳсилот (Global Partnership for Education – GPE) дар шаҳри Вашингтон баррасӣ гардид.

Тавре аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки Тоҷикистон аз соли 2005 инҷониб бо Шарикии глобалӣ барои таҳсилот ҳамкорӣ дорад. Дар ин давра 12 лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 86,8 миллион доллари ИМА маблағҳои грантӣ амалӣ гардиданд.

Ин лоиҳаҳо ба беҳтар намудани муҳити таҳсил, баланд бардоштани сатҳи саводнокии хонандагон ва устувории низоми таълим равона шудаанд.

Вазири молияи Тоҷикистон ба роҳбарияти Шарикии глобалӣ барои таҳсилот (GPE) барои ҳамкории судманд ва саҳми арзанда дар рушди низоми таҳсилоти Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии вазоратро барои таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф таъкид дошт.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 22, 2025 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд