Масоили марбут ба бунёди иншооти муҳими стратегӣ дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи Корея баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 18.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷониби Корея ба татбиқи лоиҳаи сохтмони метро дар Душанбе манфиатдор аст ва баъди ба итмом расидани асосноккунии техникию иқтисодии он дар татбиқи марҳилаҳои минбаъдаи лоиҳа низ иштирок менамояд. Ин нукта дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик ва Директори дафтари Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар Тоҷикистон Канг Синг Хон баён гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо натиҷаҳои кори муштаракро барои соли 2024 муҳокима намуда, нақшаи рушди ҳамкориро барои соли 2025 муайян карданд.
Гуфта шуд, ки ҳамкории ду давлат, сарфи назар аз масофаи ҷуғрофӣ мунтазам рушд менамояд. Аз ҷумла, 1 июли соли 2024 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Ширкати миллии роҳи оҳани Корея Ёддошти тафоҳум оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба имзо расид.
Ёдрас гардид, ки соли 2024 Тоҷикистон ва Корея тавонистанд ду лоиҳаи хурд- марҳилаи аввали омӯзиши имконияти сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ва таҳияи лоиҳаи рушди системаи логистикӣ дар Тоҷикистонро ба анҷом расонанд.
Тоҷикистон ва Корея тасмим гирифтаанд, ки баъди татбиқи лоиҳаи муҳими стратегии дорои аҳамияти минтақавӣ – асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони қитъаи роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён» ба асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе шуруъ намоянд.
Барои амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат- ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати нақлиёт вазифадор шудааст, ки инфрасохторро рушд диҳад, ҷуғрофияи ҳамлу нақлро васеъ намоял ва долонҳои нави транзитиро мавриди истифода қарор диҳад.
Сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддин Балхӣ – Панҷи Поён» бо дарозии 51 км лоиҳаи минтақавӣ мебошад, ки барои расидан ба ин ҳадаф мусоидат мекунад.
Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки ҳамкории ду давлат соли 2025 бештар таҳким меёбад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






