Масоили мубрами макроиқтисодӣ дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд

Апрель 23, 2025 10:19

ДУШАНБЕ, 23.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо муовини Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор Бо Ли баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами макроиқтисодӣ, идомаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Барномаи ҳамоҳангсозии сиёсати иқтисодӣ (PCI) ва дурнамои татбиқи минбаъдаи барномаҳои дастгирии техникӣ ва молиявиро баррасӣ намуданд.

Иброз гардид, ки дар натиҷаи ислоҳоти пайваста иқтисоди Тоҷикистон соли 2024  8,4 фоиз рушд ёфта, таваррум дар сатҳи 3,6 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Инчунин ҷонибҳо ҷараёни татбиқи тавсияҳои миссияи Хазинаи Байналмилаллии Асъор ва муваффақияти бадастомадаро дар доираи барномаи мавҷуда муҳокима намуданд. Ҳамзамон механизмҳои нави таъмини устувории корхонаҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ба зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти рушди идоракунии молияи давлатӣ, беҳсозии муҳити сармоягузорӣ, пешниҳоди дастгирии техникӣ ва баррасии имконияти гузариш ба Барномаи нави молиявии Хазинаи Байналмилалии Асъорро дар оянда таъкид намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 23, 2025 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2275 сомонӣ муқаррар шудааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1104 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд