Масоили рушди ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 15.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел дар мулоқоти ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Қудрат Давлатзода бо намояндагони ташаббуси дастҷамъонаи Иттиҳоди Аврупо оид ба пайвастагии рақамӣ (Team Europe Initiative) масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ, ҳифзи иттилоот, амнияти киберӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Қудрат Давлатзода аз таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаи амнияти киберӣ, рақамисозии иқтисоди миллӣ ва таҳкими инфрасохтори муосир дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 ва пешниҳодҳои Президенти мамлакат дар Ҳамоиши Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо 4 апрели соли равон дар шаҳри Самарқанд оид ба амалисозии ҳамкории байналмилалӣ бо дастаи «Ташаббуси Team Europe» ва барномаҳои «Дарвозаҳои глобалӣ (Global Gateway) ёдоварӣ намуда, онҳоро муҳим ва саривақтӣ номид.
Дар мулоқот муҷаҳҳазгардонии марказҳои таълимии IT, баланд бардоштани иқтидори моддию техникии факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот, ҷалби бештари духтарон ба омӯзиши барномаҳои технологияҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ ва такмили дараҷаи касбии омӯзгорон дар хориҷи мамлакат муҳим арзёбӣ гардида, ҷонибҳо барои дар муҳлати кӯтоҳтарин амалисозии онҳо ба мувофиқа расиданд.
Меҳмонон бо фаъолияти факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот ва факултети муштарак шинос шуда, ба натиҷаҳои бадастомада ва бокортаъминшавии хатмкунандагон баҳои баланд доданд.
Ёдовар мешавем, ки барои иҷрои муқаррароти нақшаи чорабиниҳо аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон 3-4 майи соли 2023 дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон факултети муштараки байналмилалии технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи миллии АвруОсиё ба номи Л.Н. Гумилёв аз рӯйи ихтисосҳои «информатика (самти омӯзгорӣ)», «маъмурикунонӣ, идора ва ҳифзи системаҳо ва шабакаҳои компютерӣ дар корхонаҳо» ва «системаҳои бехатарии иттилоотӣ» таъсис дода шудааст.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ










Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






