«МегаФон Тоҷикистон» ва Лигаи футболи кӯдакону наврасон шартнома оид ба ҳамкорӣ бастанд

Апрель 2, 2025 15:54

ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ва Лигаи футболи кӯдакону наврасон  шартнома оид ба ҳамкорӣ бастанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». 

Акнун кӯдакони аз 8 то 14-сола имкони  иштирок дар  лоиҳаи «МегаФон Life бо сабки футбол»-ро пайдо намуданд. Мақсади лоиҳа рушди варзиш ва маъмулгардонии тарзи ҳаёти солим байни кӯдакон ва наврасон  мебошад.

Тавре директори Лигаи футболи кӯдакону наврасон Абдулло Соқиев изҳор дошт, мусобиқаҳои футбол дар тамоми шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд. Барои иштирок ҳамаи хоҳишмандон дархости худро гузошта метавонанд- масалан, дастаро метавонанд аз ҳисоби ҳамсинфон ё ҳамсоягон ташкил кунанд.

Мусобиқа барои кашф кардан ва нишон додани истеъдодҳои варзишӣ, санҷидани неруи кӯдакон аз шаҳру ноҳияҳои гуногун  ҳангоми бозӣ, пайдо намудани дӯстону ҳамфикрон ва албатта, гирифтани таассуроти барҷаста аз бозии футбол–варзиши дӯстдоштаи миллионҳо нафар имкони хеле хуб хоҳад буд.

Директори Раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Далер Наимов изҳор дошт, ки  «ширкати «Мегафон Тоҷикистон» солҳои зиёд аст, ки бо Лигаи футболи кӯдакону наврасон ҳамкорӣ дорад. Ғолибони мусобиқаҳои мо ҳатто ба Британияи Кабир сафар намуда, бо дастаи мунтахаби «Челси» вохӯрӣ намуданд. Мақсади асосии лоиҳа рушди футболи тоҷик  ва омавигардонии он мебошад. Барои оммавӣ ва ҷаҳонӣ намудани ин намуди варзиш мо бояд аз кӯдакон оғоз намоем, чунки онҳо ояндаи мо мебошанд. Ширкати мо кайҳо боз футболи кӯдаконаро дастгирӣ менамояд. Мо  солҳои зиёд барои бачагони  хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо мусобиқаҳо доир менамоем. Доираҳои мусобиқаи нав ниҳоят васеъ ҳастанд: мо ҳамаи хоҳишмандонро барои иштирок даъват менамоем! Мақсади асосии  лоиҳаи «МегаФон Life бо сабки футбол» таъсиси майдони махсус барои  кӯдакону наврасон,  тарбия ва омода намудани ситораҳои асили футболи тоҷик дар оянда  мебошад. Агар ин ниятҳои мо амалӣ гарданд. мо аз он, албатта, шод хоҳем гашт».

«Имрӯз боиси хушнудист, ки мо бо ширкати мобилии «Мегафон Тоҷикистон» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидем. Дар доираи ин лоиҳа мо дар байни кӯдакону наврасони се гурӯҳи синнусолӣ- то 7, 9 ва 11-сола  дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ мусобиқа баргузор менамоем.  Лигаи футболи кӯдакону наврасон  дар ҳамкорӣ бо ширкати «Мегафон Тоҷикистон» солҳои қаблӣ низ мусобиқаҳо баргузор менамуд, ки ғолибони ин мусобиқаҳо ҳатто ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия сафар намуданд. Мо умед дорем, ки чунин сафарҳо солҳои наздик боз аз нав амалӣ мешаванд. Футбол на танҳо бозӣ аст. Ин варзиши даставие аст, ки барои муттаҳид сохтани малакаҳои гуногуни шахсӣ ва ҳамзамон такмилу инкишоф додани кӯдакон нақши муҳим мебозад. Ҳамкорӣ бо ширкати «МегаФон Тоҷикистон» имкон медиҳад, ки қадами муҳим дар рушди футболи кӯдакон гузошта шавад.  Ба василаи он садҳо ва ҳазорҳо кӯдакон дар қаламрави ҷумҳурӣ иқтидори худро дар ин самт кашф ва дар амал татбиқ хоҳанд намуд», — иброз дошт  директори Лигаи футболи кӯдакону наврасон Абдулло Соқиев.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

 

Апрель 2, 2025 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд