Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Апрель 15, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 15.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовини корҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар доираи ин сафар, ки се рӯз — аз 15 то 17 апрелро дар бар мегирад, мулоқоти Алӣ Наҷафии Хушрудӣ бо Сарвазир ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин вохӯрии муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ бо вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав доир хоҳад гашт, ки дар онҳо масъалаҳои густариши ҳамкории Эрону Тоҷикистон дар соҳаҳои мазкур мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Тибқи барномаи сафар, меҳмонон Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Майдони «Истиқлол» -ро тамошо менамоянд.

Акс аз манбаъҳои боз

 

Апрель 15, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид