Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ДУШАНБЕ, 16.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовини корҳои байналмилалӣ ва ҳамкории минтақавӣ, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, зимни тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни бостонии халқи тоҷик шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эронро директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода ва дигар шахсони масъул истиқбол намуда, барои онҳо сайри осорхонавӣ ташкил намуданд.
Меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.
Муовини корҳои байналмилалӣ ва ҳамкории минтақавӣ, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон сабт намуд.
Аз ҷониби роҳбарияти Осорхонаи миллӣ ҳамчун рамзи эҳтирому дӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон













Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






