Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид

Апрель 16, 2025 09:17

ДУШАНБЕ, 16.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии муовини корҳои байналмилалӣ ва ҳамкории минтақавӣ, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад,  зимни тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни бостонии халқи тоҷик  шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эронро  директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода  ва дигар шахсони масъул истиқбол намуда, барои онҳо сайри осорхонавӣ ташкил намуданд.

Меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Муовини корҳои байналмилалӣ ва ҳамкории минтақавӣ, муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Наҷафии Хушрудӣ аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон сабт намуд.

Аз ҷониби роҳбарияти Осорхонаи миллӣ ҳамчун рамзи эҳтирому дӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангӣ ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

      АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 16, 2025 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад