Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо муовини Сарвазири Узбекистон мулоқот намуд

Апрель 2, 2025 17:29

ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар шаҳри Хуҷанд дар доираи Форуми байналмилалии занон таҳти унвони «Наврӯз-иди занони ваҳдатсаро» муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Зулайхо Махкамова мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дилрабо Мансурӣ аз дастгириҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани нақш ва мақоми зан ёдовар шуда, таъкид дошт, ки маҳз бо иродат ва ташаббусҳои неки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм намудаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатҳои хориҷиро хатм намуда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯйи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкорӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, рушди ҳунармандӣ, баргузории силсилаи чорабиниҳо дар мавзуи солимии модару кӯдак, табодули таҷрибаи ҳамдигар ва ширкат дар Форуми «Занон ва пиряхҳо», ки моҳи май дар Душанбе баргузор мешавад, суҳбат намуданд.

Зулайхо Махкамова барои меҳмоннавозии гарму самимона миннатдории занони Узбекистонро иброз намуда, нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар пойдории сулҳ дар минтақа нек арзёбӣ намуд ва ба ҷониби Тоҷикистон  дар баргузории Муколамаи занони Осиёи Марказӣ, ки соли 2025 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт, барору комёбиҳо таманно намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ташрифи Сарони давлатҳои Узбекистон ва Қирғизистон ба Тоҷикистон ва тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз  1 апрел дар шаҳри Хуҷанд Форуми занон таҳти унвони «Наврӯз- иди занони ваҳдатсаро» бо иштироки занони фаъоли се давлат доир гардид.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 2, 2025 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид