Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Ҳисор шинос шуд
ҲИСОР, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба вусъати корҳо дар соҳаи кишоварзӣ бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Ҳисор шинос шуданд. Дар ин хусус котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло Холзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Меҳмонон дар Маркази техникаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агротехсервис» бо ҳолати техникаю механизмҳое, ки муҳандисони корхона тибқи талабот ва бо пешниҳоди кишоварзон давоми чанд соли охир сохти онҳоро такмил дода, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, шинос шуданд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ва ҳайати корӣ ба ҷамоатҳои деҳоти Сомон, Деҳқонобод ва Дурбат рафта, бо вазъи гармхонаи замонавӣ, ки бо усули кореягӣ бунёд ёфтааст ва ҷараёни кишти чигит дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Латиф Муродов» шинос гардиданд.
Ҳайат дар хоҷагии таҷрибавии «Зарнисор», воқеъ дар деҳоти Дурбат бо ҳолати нашъунамои картошка ва ҷараёни дигар корҳои саҳроӣ шинос шуда, бо мутахассисони соҳа ва деҳқонон суҳбати озоди сарироҳӣ анҷом дод. Ба масъулини кумитаи замин, шуъбаи Агентии омор ва Раёсати кишоварзӣ оид ба самараноку оқилона истифода намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва дигар заминҳои аҳолӣ маслиҳатҳои судманд дода шуд.
Таъкид гардид, ки дар ҳисоботи омории самти кишоварзӣ, бахусус баҳисобгирии саршумори чорво, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳангоми таҳлилу баҳисобгирии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз изофанависӣ ё кам нишон додани истеҳсолот худдорӣ намоянд. Инчунин бо ҷалби кормандони шуъбаи омор ҳолати воқеии соҳаро дар хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонӣ воқеъбинона таҳлилу баррасӣ карда, аз натиҷаи он ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи дуруст пешниҳод намоянд.
Ба сокинони ҷамоатҳо авзои сиёсии ҷаҳон, таҳдиди хатарҳои экологӣ ва табиӣ, ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва зарурати таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли худӣ фаҳмонида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид






