Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Шаҳринав шинос шуд

Апрель 9, 2025 16:20

ШАҲРИНАВ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва ҳайати гурӯҳи корӣ  дар  ноҳияи Шаҳринав бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуда, дар маъракаи кишти пунбадонаи хоҷагиҳои деҳқонии «Давлат-2006» ва «Бекмирзобой»  иштирок намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори  минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Ба иттилои масъулини шуъбаи кишоварзии ноҳия, дар хоҷагиҳои деҳқонии «Давлат-2006» ва «Бекмирзобой»  тибқи дурнамо дар 10 гектар кишти пунбадона гузаронида мешавад. Ҷараёни кишти чигит бо риояи қоидаҳои агротехникӣ идома дорад.

Зимни шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ муовини Сарвазири мамлакат ба парвариши боғҳо, коркард ва ғизодиҳии дарахтони мевадиҳанда аҳамияти аввалиндараҷа дод. Ҳайати корӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Акрам Ҳасанов бо парвариш ва нашъунамои картошка шинос шуда, ба кишоварзон тарзу усули коркарди байни қаторҳо ва ғизодиҳии он ба таври амалӣ нишон дода шуд.

Меҳмонон  бо вазъи парвариши пиёз ва сабзавоти барвақтие, ки дар гармхонаҳо парвариш меёбанд, бахусус помидору бодиринг шинос шуда, ба заҳматкашони ҷамоат барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал изҳори миннатдорӣ намуданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо масъулини соҳаи кишоварзӣ оид ба боз ҳам рушду ташаккул додани соҳаи кишоварзӣ, истифодаи мақсадноку босамари замин, риояи агротехникию агробиологии он барои  расидан ба амнияти озуқуворӣ суҳбат намуд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Апрель 9, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад