«НАКҲАТИ БАҲОР». Таҳти ин унвон намоиши асарҳои эҷодӣ ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 22.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони «Накҳати баҳор» аз рӯйи жанри кундал намоиши асарҳои эҷодии рассоми ҷавон Муҳаммад Ҳикматзода ифтитоҳ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада.
Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн Сироҷиддин Ҷӯрахонзода роҷеъ ба таърихи пайдоиши ин навъи санъат, моҳият ва муҳтавои асарҳои эҷодии наққоши ҷавон ва баргузории чунин намоишҳо дар муассиса ибрози назар намуд. Гуфта шуд, ки кундал ҳамчун навъи санъати ороиши амалӣ дар санъати меъморӣ ва наққошии мардуми тоҷик мақоми хосса дорад.
Намунаҳои ин усули санъат бори аввал дар лавҳаҳои кошинкории биноҳои асри XIV дар ёдгориҳои меъмории шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Шаҳрисабз ва дигар манотиқи Осиёи Марказӣ истифода гардида, то имрӯз маҳфуз дошта шудаанд.
Наққошӣ ҳунари офаридани нақш ва маҳсули эҷодии санъаткорони халқӣ ва касбӣ буда, яке аз навъҳои бостонии санъати ороишӣ ва амалии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Он бо нафосати хоси шарқиёна ва таърихи куҳан аз дигар навъҳои санъат фарқ мекунад.
Намоиши асарҳо дар толори намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон то 10 май идома меёбад.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






