Намояндагони ширкати «Хан Хай Си Че Маой»-и Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд

Апрель 24, 2025 17:50

ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел вохӯрии роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Муҳаммад Муҳаммадзода бо намояндагони ширкати «Хан Хай Си Че Маой»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки  бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ин минтақа ва густариши робитаҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон омадаанд, баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» хабар медиҳад, дар мулоқот ба меҳмонон доир ба фаъолият ва имтиёзҳои минтақа тариқи рӯнамо маълумот пешниҳод гардид.

Намояндагони ширкати «Хан Хай Си Че Маой» оид ба фаъолияти ширкат сухан гуфта, иброз намуданд, ки ширкат нақша дорад мошини сабукрави тамғаи 212-ро, ки барои сайёҳон муносиб ва замонавӣ аст,  истеҳсол намояд.

Ҳамчунин вобаста ба тараққиёти босуръати соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва шароиту имконияти мусоиди сармоягузорӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» меҳмонон иброз намуданд, ки мехоҳанд дар оянда субъекти ин минтақаи озоди иқтисодӣ шаванд.

АКС: Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»

 

 

Апрель 24, 2025 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд