Намояндагони ширкати «Хан Хай Си Че Маой»-и Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 24.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел вохӯрии роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Муҳаммад Муҳаммадзода бо намояндагони ширкати «Хан Хай Си Че Маой»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ин минтақа ва густариши робитаҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон омадаанд, баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» хабар медиҳад, дар мулоқот ба меҳмонон доир ба фаъолият ва имтиёзҳои минтақа тариқи рӯнамо маълумот пешниҳод гардид.
Намояндагони ширкати «Хан Хай Си Че Маой» оид ба фаъолияти ширкат сухан гуфта, иброз намуданд, ки ширкат нақша дорад мошини сабукрави тамғаи 212-ро, ки барои сайёҳон муносиб ва замонавӣ аст, истеҳсол намояд.
Ҳамчунин вобаста ба тараққиёти босуръати соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва шароиту имконияти мусоиди сармоягузорӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» меҳмонон иброз намуданд, ки мехоҳанд дар оянда субъекти ин минтақаи озоди иқтисодӣ шаванд.
АКС: Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






