Намояндагони соҳаи авиатсияи Тоҷикистон дар Конгресси 14-уми солонаи сармоягузорӣ иштирок намуданд

Апрель 8, 2025 11:32

ДУШАНБЕ, 08.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода ва муовини директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Аслиддин Маликзода  дар Конгресси 14-уми солонаи сармоягузорӣ (AIM Congress-2025), ки дар шаҳри Абӯ Забии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид, иштирок намуданд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд.

Иштирокчиён дар Конгресси 14-уми солонаи сармоягузорӣ (AIM Congress-2025) масъалаҳои ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳаи авиатсияи гражданиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки  даҳаи сеюми моҳи апрели соли равон  тибқи нақша ҳайати ширкати сармоягузории «Air Dynamic Solutions»-и Амороти Муттаҳидаи Араб бо мақсади омӯзиши фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои мавҷуда дар самти  ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, хусусан дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ба  Тоҷикистон сафари корӣ анҷом хоҳанд дод.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 8, 2025 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст