Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ҳизбҳои сиёсии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 23.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар Форуми ҳизбҳои сиёсии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки таҳти унвони «Инъикоси руҳияи Шанхай — мусоидат ба рушди устувор. СҲШ: масъулият ва рисолати ҳизбҳои сиёсӣ» дар шаҳри Урумчии Ноҳияи Мухтори Шинҷони Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷараён дорад, иштирок доранд.
Тавре аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи форум Маликшо Неъматзода бо намояндаи расмии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин Чэн Чжоу вохӯрӣ намуд.
Чэн Чжоу барои меҳмоннавозии гарму самимӣ дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон, ки барояш хотирмон ва арзишманд будааст, ба мардуми Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.
Инчунин зимни вохӯрӣ вобаста ба таваҷҷуҳи хос ва ҷонибдории доимии роҳбарияти олии Тоҷикистон аз густариши ҳамкории минтақавӣ ибрози назар карда шуд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таҳким ёфта, бахусус дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории фаромиллӣ натиҷаҳои назаррас ба бор меорад.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамкории байниҳизбӣ ва сиёсӣ бо Чин аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи ин робитаҳо манфиатдор буда, барои боз ҳам рушд додани онҳо омода мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин соли 2025 раёсати Созмони ҳамкории Шанхайро ба уҳда дорад. Дар ин замина дар Чин баргузории нишастҳо, форумҳо ва ҳамоишҳои муҳими сатҳи баланди сиёсӣ ва минтақавӣ ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






