Намояндаи доимии Тоҷикистон бо ёвари Дабири кулли СММ оид ба корҳои ҷавонон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 апрел вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои ҷавонон Фелипе Поллиер баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии ҷавонон ва таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари ҷавонони Созмони Милали Муттаҳид гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба мавзуи мусоидат ба иштироки пурмазмуни ҷавонон ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла дар заминаи татбиқи Стратегияи ҷавонон-2030-и Созмони Милали Муттаҳид ва пайгирии Саммити оянда дода шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба талошҳои Тоҷикистон дар заминаи тавонмандсозии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим тавассути сармоягузорӣ ба инфрасохтори варзишӣ ва саҳми мамлакат дар қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол табодули назар намуданд.
Дар робита ба ин, ҷонибҳо роҳҳои густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла ташаббусҳои муштаракро, ки ба густариши ҷалби ҷавонон, баланд бардоштани иқтидори онҳо ва мусоидат ба ҷалби фаъолонаи онҳо дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, бахусус дар соҳаи об, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор равона шудаанд, баррасӣ намуданд.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






