Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар ҷаласаи сатҳи баланди вазирони Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) иштирок намуд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон оид ба аҳаммияти масъалаҳои содагардонии расмиёти савдо ва бартараф намудани монеаҳои сунъӣ, тавсеаи долонҳои гуногунвасилаи нақлиётию иқтисодӣ, рушди иқтисодиёти «сабз» ва рақамикунонӣ барои рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иштирокчиён маълумот пешниҳод намуд.
Ҳамзамон Шараф Шерализода дар чорабинии канории сатҳи баланд бо намояндагони бахши хусусии Швейтсария доир ба сармоягузорӣ дар самти инфрасохтори нақлиётиву логистикӣ иштирок намуда, оид ба имконияти сармоягузорӣ дар ин соҳа суханронӣ намуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






