Намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид бо намояндаи олии ин созмон мулоқот намуд

Апрель 17, 2025 14:39

ДУШАНБЕ, 17.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 апрел мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо намояндаи олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Гурӯҳи кишварҳои кам тараққикарда, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди рӯ ба тараққӣ Рабаб Фатима доир гардид.

Тавре аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба таҳкими ҳамоҳангсозӣ байни  Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ (LLDCs), дар арафаи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба LLDC3, ки моҳи августи соли 2025 дар Туркманистон баргузор мегардад, мубодилаи судманди афкор анҷом доданд. Таъкид гардид, ки садо ва манфиатҳои ин кишварҳо бояд дар санадҳои ниҳоии конфронс пурра ва ҳамаҷониба инъикос ёбанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин зарурати истифодаи васеи платформаҳои муҳими байналмилалиро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, ҳар ду ҷониб ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар Тоҷикистон, инчунин Конфронси 30-уми ҷонибҳои Конвенсияи чорчӯбаии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар Бразилия доир хоҳанд шуд, ҳамчун фурсати муҳим барои расонидани садои ин кишварҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилот ва ниёзҳои онҳо дар самти рушди устувор таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

 

 

Апрель 17, 2025 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд