«НАВРӮЗ-ҚАДИМТАРИН МЕРОСИ ФАРҲАНГИ САЙЁҲӢ ДАР МИНТАҚА». Муколамаи минтақавии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор гардид

Апрель 2, 2025 15:26

ДУШАНБЕ, 02.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар ҳошияи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши канории сайёҳӣ-Муколамаи минтақавии давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар мавзуи «Наврӯз – қадимтарин мероси фарҳангию сайёҳӣ дар минтақа» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода, Раиси Кумитаи сайёҳии назди Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағйийрёбии иқлими Ҷумҳурии Узбекистон Умид Шадиев, Директори Департаменти сайёҳии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Қирғизистон Эрденет Касимов ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни ҳамоиш вобаста ба Иди байналмилалии Наврӯз иброз дошт, ки он ҷашни қадимӣ, муттаҳидгари халқҳо, дӯстию бародарӣ ва эҳёшавии табиат мебошад.

«Тавассути сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равобити дӯстонаи Тоҷикистон бо ҳама давлатҳо, аз ҷумла мамлакатҳои ҳамсоя ба роҳ монда шуд. Ин метавонад барои рушди соҳаи сайёҳии ҷонибҳо ва зиёд гардидани шумораи сайёҳон замина гузорад»,-изҳор дошт Дилрабо Мансурӣ.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар доираи сиёсати дӯстона ва бародаронаи Сарони се давлати дӯст ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар ҳоли рушд буда, баргузории чунин ҳамоишҳо барои боз ҳам тақвият бахшидани робитаҳо, истифода намудани таҷрибаи якдигар, бастани созишномаҳои ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ фазои мусоид фароҳам меорад.

Дар ҳамоиш байни ширкати сайёҳии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 2, 2025 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид