ОГОҲӢ. Хатари лағжиши тарма ва омадани сел дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон то 10 апрел боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 09.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад, ки аз 8 то 10 апрел дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дар пайи бориши борон хатари омадани сел ва тарма вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба сокинону меҳмонони мамлакат муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба обанборҳо, хатсайрҳои сайёҳӣ ва сайругашти кӯҳӣ худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин ба сокинон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат аз ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд ва дар ин рӯзҳо ба ҷамъоварии занбурӯғ, гиёҳҳои шифобахш, ҳезум, моҳидорӣ ва шикор нараванд.
Инчунин кумита аз сокиноне, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, хоҳиш менамояд, ки ҳушёр ва бодиққат бошанд. Бахусус фарзандони худро беназорат намонанд ва нагузоранд, ки онҳо бе сабаб аз хона берун бароянд.
Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар оид ба вазъи роҳҳо хабардор шуда, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариву амниятиро ба таври ҷиддӣ риоя намоянд. Риояи фосилаи байни мошинҳо гарави аслии сафари бехатару амн аст.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






