Ҳоким Холиқзода бо Антонелла Бассани вохӯрӣ намуд

Апрель 23, 2025 09:01

ДУШАНБЕ, 23.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел дар ҳошияи баргузории ҷаласаҳои баҳории Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода бо муовини Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антонелла Бассани вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо раванди татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ва дурнамои таҳкими ҳамкориро дар заминаи ислоҳоти иқтисодӣ, идоракунии молияи давлатӣ, захираҳои энергетикӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва маблағгузории устувор баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ ба масъалаи татбиқи Барномаи ислоҳотии «Амалиёти сиёсии рушд», ки ба такмили муҳити сармоягузорӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии молиявӣ ва таҳкими фишангҳои сиёсати макроиқтисодӣ равона шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Инчунин ҷонибҳо доир ба муҳимияти таҳияи «Стратегияи нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ (Country Partnership Framework – CPF) барои солҳои 2026–2030» иброз намуданд, ки «бояд дар асоси таҳлили амиқи имконот самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла таъсиси ҷойи нави кор, рушди захираҳои инсонӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим таҳия гарданд».

 

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Апрель 23, 2025 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд