Омодагӣ барои фаъолияти мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026

Апрель 9, 2025 11:35

ДУШАНБЕ, 09.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. То 1 июни соли 2025 бояд нақшаи захиракунии маводи асосии ғизои босифату дастрас, аз ҷумла орд, равған, шакар, биринҷ, пиёз, картошка, консерваҳо ва маҳсулоти дигари озуқаворӣ дар бозорҳо, анбору  сардхонаҳо новобаста аз шакли моликияти онҳо таҳия ва тасдиқ гардад. Чунин омадааст дар банди 2.3-и «Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти  ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  28 марти соли 2025 тасдиқ гардидааст.

Баҳри иҷрои ин банди Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» вазифадор гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори мазкур то 10 майи соли равон бояд вазорату идораҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, корхона, муассиса ва дигар ташкилот, новобаста аз шакли моликият бо мақсади таъмини фаъолияти  мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 бояд ситоди фаврӣ  таъсис дода, нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 9, 2025 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа