Оё дар Тоҷикистон низоми кишти пунбадона тағйир меёбад? Шарҳи коршиносон дар ин мавзуъ
ДУШАНБЕ, 05.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвариши пахта хеле созгор аст. Аммо солҳои охир тағйирёбии иқлим боиси кам шудани ҳосил гардидааст. Аз ин рӯ Вазорати кишоварзии мамлакат нақша дорад, ки имсол кишти пунбадонаи зериплёнкаро васеъ намояд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба манфиат ва тарзи технологияи истифодаи ин усусл бо коршиносони соҳа ҳамсуҳбат гардид.
Чаро кишоварзони мо ба тағйирёбии иқлим омода нестанд?
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти матбуотӣ 30 январ иброз намуд, ки соли 2024 аз майдони 175 ҳазор гектар кишти пунбадона кишоварзон 254 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд.
Тибқи таҳлилҳо, ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои гузашта кам мебошад. Омили кам гардидани ҳосил дар соли 2024 боронҳои пай дар пайи моҳҳои март ва нимаи май буданд, ки бинобар он кишти пунбадона тӯл кашид.
Яъне дар сатҳи ҷумҳурӣ кишти пахта то 65 рӯз идома ёфт.
Ба иттилои Президенти Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат Амонулло Салимзода, омили дигари кам гардидани ҳосил- ин риоя нагардидани агротехникаи парвариш аст.
Инчунин соли 2024 соли гармтарин дар таърих буд. Дар ин рӯзҳо кишоварзон обро зиёд истифода бурданд- аз боло гармӣ, аз поён об, дар байн буғ пайдо шуда, ҳосил талаф ёфт.
Амонулло Салимзода гуфт, ки инчунин ягонакунӣ дуруст иҷро нашуд ва майдони ғизогирӣ барои пайдо шудани ғӯза кам шуд.
Ҳамчунин қоидаҳо дар саракчинӣ низ риоя нагардиданд.
Усули кишти пунбадона дар мамлакат тағйир меёбад?
Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, имсол дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ дар 186 883 гектар пунбадона кишт мешавад, ки аз ин қариб 50 ҳазор гектарро кишти зери плёнка ташкил медиҳад.
Директори Иниститути зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Тоирзода иброз намуд, ки усули зери плёнка технологияи нав нест. Кишоварзони мо аз ин усул дар соҳаи пахтапарварӣ истифода менамуданд. Солҳои охир тағйирёбии иқлим боис гардид, ки пахта ҳосили кам ба бор оварад. Тибқи таҳлилҳо, ин усул ба тағйирёбии иқлим мувофиқ буда, ба фоидаи марди деҳқон низ мебошад.
Қосим Тоирзода иброз намуд, ки кишти зери плёнка пахтаро аз таъсири обу ҳаво нигоҳ дошта, намнокиро таъмин менамояд, ки ин ба сабзиши саривақтӣ мусоидат мекунад. Дар натиҷаи баланд шудани намнокӣ заминро аз сафолакшавӣ нигоҳ медорад. Агар дар кишти анъанавӣ дар як гектар 100 ё 80 килограмм пунбадона сарф шавад, дар зери плёнка дар як гектар 18 ё 22 килограмм чигити лучак кишт мешавад. Ҳамчунин навъҳои миёнапази он қобилияти то 120 ё 125 рӯз пухта расиданро доранд.
Устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров иброз намуд, ки ин усул барои кишоварзон фоидаовар мебошад. Чунки пунбадонаи зери плёна дар муддати 8 ё 12 рӯз неш зада, аз замин мебарояд. Ҳамчунин дар ҳолати боронҳои пай дар пай ба он зиён намерасад. Зеро он дар зери плёнка буда, хоки болои он сафолак намешавад. Пунбадонаи зери плёнка то даври дуюм бо намӣ таъмин мебошад. Кишоварзон дигар коркарди байни қаторҳои пахта намегузаронанд ва алафҳои бегона қобилияти инкишоф ёфтан надоранд.
«Агар пунбадона барвақттар инкишоф ёбад, то моҳи июн аллакай ҳосили кураки он пайдо мешавад ва дар гармиҳои фасли тобистон ҳосили бударо хуб нигоҳ дошта метавонад. Дар кишти анъанавӣ пунбадона аз замин дер мебарояд ва то фасли тобистон ба гулкунӣ оғоз мекунад. Агар тобистон гарм ояд, ҳосили буда нобуд мегардад»,-гуфт Зикриёхон Ҳайдаров.
Ба иттилои масъулини Вазорати кишоварзии мамлакат, дар 1 гектар замини кишти зери плёнка 60 килограмм плёнка истифода бурда мешавад.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд, барои гузаронидани кишти зери плёнка 100 пиалка – кишткунандаҳои зериплёнкагӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд, ки бо истифода аз онҳо парвариши пахта дар зери плёнка амалӣ мешавад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки чунин тарзи парвариш самараи худро нишон додааст. Барои мисол, деҳқонони ноҳияҳои Дӯстӣ ва Левакант соли 2024, сарфи назар аз тағйирёбии иқлим пахтаи зиёд истеҳсол намуданд. Зеро дар ин ноҳияҳо кишти пахта дар зери плёнка бо обёрии қатрагӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба таъкиди мутахассисон, кишти пахта дар зери плёнка аз чанд ҷиҳат бартарият дошта, барои гирифтани ҳосили фаровон ва баландсифат мусоидат мекунад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки агар дар оянда кишти зери плёнка ва обмонии қатрагӣ амалӣ шавад, ягонакунии ниҳолҳо ва коркарди байни қаторҳо аз байн меравад, зеро дар замини бо плёнкаи полиэтиленӣ пӯшида тухми пунбадона ва об сарфа мегардад, онҳо ковок меистанд ва сахт намешаванд. Нуриҳои минералӣ ба воситаи қубурҳои обтақсимкунанда сари вақт ба ниҳолҳои пахта дода мешаванд.
Пахта маҳсулоти асосии содиротии давлат ба шумор меравад, ки сол то сол арзиши аслии он дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад. Аз ин рӯ кишоварзони мамлакат талош доранд, ки дар баланд шудани иқтидори истеҳсолӣ, афзоиши даромади иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсир гузоранд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид






