Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд

Апрель 10, 2025 09:55

ДУШАНБЕ, 10.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Иншоот дар заминаи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд шуда, тарҳи он ба ҳусни пойтахт зебоии дигар бахшид.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дорои ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз, осорхона, толорҳои маҷлис, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, шароити дар он фароҳамшуда ба фаъолияти кормандон заминаҳои мусоид хоҳад гузошт.

Гӯшаҳои алоҳида, ки дар Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ба ташаккули маълумоти ҳар бинанда аз масири таърихии тоҷикон мусоидат менамояд. Таърихи ниёгон, Тоҷикистони Шӯравӣ, Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Неругоҳи обии «Роғун» ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат ва дигар маълумоту навгониҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ҷумлаи бахшҳо дар осорхона аст.

Маълумот аз давраҳои гуногуни давлатдории тоҷикон, фаъолияти ҳизб ва дастоварду музаффариятҳои Тоҷикистон бо роҳи ҷамъоварии аксу аёният ва маводи чопӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ ба хотири нигаҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ аҳаммияти басо муҳим касб кардааст”.

“Пас дар шароити рушди технологияҳои иттилоотӣ ва бо назардошти хусусиятҳои муосири сатҳи фаҳмиши ҷомеа ҳифз ва тарғиби таърихи ташаккулёбӣ ва рушди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути воситаҳои инноватсионӣ – ташкили фаъолияти осорхонаи таърихӣ-инноватсионӣ ба мақсад мувофиқ хоҳад буд”, — таъкид доштанд Пешвои миллат.

Ташаккули зеҳну тафаккури кормандон дар раванди фаъолият ва дастрасии онҳо ба муҳимтарин маълумоту навгониҳо аз ҷумлаи масъалаҳоест, ки бо таъсиси китобхонаи электоронии пайваст бо шабакаи интернет ба инобат гирифта шудааст.

Дар ин баробар имкон аст, ки хоҳишмандон аз номгӯи зиёди адабиёт дар толори хониши китобхонаи анъанавӣ истифода намоянд.

Барои ташкилу баргузории ҷамъомад ва чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ маҷлисгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд шуда, дорои 1240 ҷойи нишаст мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тақозои истифодаи мусоид аз шароити фароҳамшуда масъулинро барои татбиқи ҳадафҳои аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла таҳкими асосҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин иқтисодиёти устувор, ки ба беҳбуди ҷомеа нигаронида шудааст, дастуру тавсияҳо доданд.

Ифтитоҳи бинои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10.04.2025

Апрель 10, 2025 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб Беморхонаи хусусии ташхисию табобатии «Мирзоён»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб марказҳои обтаъминкунӣ ва корезро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб 10 иншооти соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд